Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии қазияи Русияву Гурҷистон дар Женева


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар пешорӯи музокироти байналмилалие, ки барои ҳалли низои Русияву Гурҷистон дар пайи мухолифатҳои мусаллаҳонаи моҳи август нигаронида шудааст, ба Женева рафт. Ин нишаст бо сарпарастии СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва САҲА баргузор мешавад. Ҳадафи он мусоидат ба эътидол ва амнияти минтақа ва мардуми дар натиҷаи ин низоъҳо беҷошуда ё тарки маконкарда мебошад. Қарор аст намояндаҳои ҳар ду кишвар дар ин нишаст иштирок кунанд, вале қабл аз баргузории он, Тифлису Маскав бар сари масъалаи ҳузури намояндаҳои ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дар кори ин ҳамоиш ихтилофи назар доштанд.
XS
SM
MD
LG