Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми 4 босниягӣ дар ҷиноят алайҳи башарият


Полиси Босния чаҳор серби босниягиро бо иттиҳоми ширкати онҳо дар куштори беш аз 200 мусалмон ва хорват дар солҳои 1992-95-и ҷанги Босния боздошт кард. Додситонии ин кишвар дар иттилоияе навиштааст, ки ин чор нафар дар рӯйдодҳои августи соли 1992 дар шимолу ғарби шаҳри Приедор барои содир кардани ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мешаванд. Дар ҳодисаи рӯзи 21 августи он сол дар деҳаи Маунт Власич ин афрод ба гурӯҳи беш аз 200-нафараи зиндониён амр доданд, ки дар канори ҷарие ба зону бишинанд ва ба сӯи онҳо оташ кушоданд. Чандин нафар ҷон ба саломат бурданд.
XS
SM
MD
LG