Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев аз мухолифон ибрози қаноъатмандӣ кард


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон
Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, зимни як мулоқот бо намояндагони васоити ахбори электронии кишвараш аз намояндагони мухолифин ибрози қаноъатмандӣ кард.

Ба гуфтаи президент Боқиев, вай ба мухолифони ҳукумат ошкоро ибрози ташаккур мекунад, зеро бонги изтироби онҳо баъзе дастандаркорони идораҳои ҳукуматии кишварашро водор хоҳад кард, ки аз хоби гарон бархезанд. Вай гуфт, дар чанд моҳи ахир аз минтақаҳои мухталифи кишвараш боздид намуд ва бо мардуми он аз наздик мулоқот кард.

Ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев, аксарияти мардуми ин манотиқ итминон ҳосил намудаанд, ки барои чанд соат дар шабонарӯз хомӯш кардани барқ аз тарафи ҳукумат иқдоми муваққатӣ мебошад, ки онҳо таҳаммул хоҳанд кард. Раисиҷумҳур афзуд, зеро дар фасли сармо ҳамаи маҳдудиятҳо дар мавриди қатъи барқ аз байн бурда хоҳанд шуд.

Бар асоси суханони оқои Боқиев дар ҷараёни нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба дунболи нишасти президентони СНГ охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, ҳамтоёнаш вайро итминон доданд, ки дар сурати зарурат ҳаҷми интиқоли барқ ва газро дар фасли сармо ба Қирғизистон афзоиш хоҳанд дод. Ба таъкиди президент Боқиев аз ин лиҳоз ба суханони намояндагони мухолифин бояд гӯш дод, зеро мухолифин аз ҳукумат тақозо мекунанд, ки пурсамар кор кунад.

Раисиҷумҳури Қирғизистон тазаккур дод, ки ширкати «Газпром»-и Русия агар салоҳияти содири газро бар дӯш гирад, дар он сурат кишвараш фақат бурд хоҳад кард. Ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев, вай аз ширкати «Газпром» даъват кардааст, ки дар хусусигардонии ширкати «Киргизгаз» мушорикат намояд.

Гуфта шуд, ки тавсеъаи пойгоҳи низомии Русия дар майдони ҳавоии Кант амнияти минтақавиро таъмин хоҳад кард. Президенти Қирғизистон афзуд, вале аз ҳузури низомиёни Русия дар ин пойгоҳ кишвараш бояд манфиатҳои иқтисодӣ низ бубинад. Аммо рӯзи сешанбе шурои сиёсии ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон изҳороте пахш намуд, ки ҳукуматро дар дасисабозӣ ва ришватхорӣ айбдор кардааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳукумат қудрати ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоъиро надорад.Гуфта мешавад, ки дар арафаи интихотҳои маҳаллӣ Клара Қобилова,раиси Комиссиюни марказии интихобот аз кишвар фирор кард, вале мисли солҳои 1937 қарни гузашта вайро дар бесалоҳиятӣ муттаҳам карданд. Ин дар ҳолест, ки омадааст дар матни изҳороти мазбур, интихоботи маҳаллӣ бо қонуншиканиҳои зиёд баргузор шуд.

Бино ба изҳороти ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон, истеъфои Дабири Шурои амнияти ҷумҳурӣ дар ҷараёни баргузории нишасти сарони кишварҳои узви ИДҲ як демарш ё иқдоми расмии мақоми баландпояи Кохи сафед буд, ки алайҳи президент нигаронида шудааст. Ин ҳизб муқовимати гурӯҳҳои дохилии кишварро хатари ҷиддӣ ба амнияти он ва саросари ҷаҳон арзбӣ кардааст.

Фаъолони ҳизби сосиал демократ аз ҳукумат тақозо кардаанд, ки ислоҳоти Қонуни асосиро пиёда кунад, ки маҳдудияти ваколатҳои президент мадди назар гирифта шудааст. Аммо дар ҳамин ҳол мақомот дар мавриди ин изҳороти ҳизби сосиал-демократ ягон вокуниш нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG