Пайвандҳои дастрасӣ

Паёмадҳои бӯҳрони молӣ дар иқтисоди Тоҷикистон


Дар Душанбе масоили марбут ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон дар як ҳамоише бо ширкати мақомоти баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии иқтисодии мустақар дар кишвар баррасӣ шуд. "Авесто" менависад, Ғуломҷон Бобозода, вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорат аз паёмадҳои нохушояндаи бӯҳрони баамаломада ба иқтисоди Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки "бӯҳрони молӣ бо бӯҳрони ғизо ва низоми энергетикӣ аз наздик вобаста мебошад". Вай гуфтааст, ки поинравии қимати ғизо дар ҷаҳон дар шароити кунунӣ як падидаи муваққат аст ва мушкилоти кунунӣ метавонад ба тиҷорати беруна таъсири манфӣ гузорад. Бобозода афзуд, "нишондодҳои тиҷорати берунаи Тоҷикистон болотар ва ё баробар бо мизони маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст, ки 16,3 миллиард сомонӣ, муъодили 4,7 миллар долларро ташкил медиҳад". Ба таъкиди вай, дар чунин вазъият, Тоҷикистон бояд роҳи таъмини эътидоли макроиқтисодии ҷумҳуриро андешида, аз уфту хезҳои башиддат ҷилавгирӣ кунад ва дар фикри таъмини суботи иҷтимоии мардум, мисли замонати таъмини аҳолӣ бо кор бошад. Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондодҳо, мизони бекорӣ дар Тоҷикистон хеле баланд боқӣ монда, даромади аксари кулли ҷамъияти ин кишвар аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ таъмин мешавад.
XS
SM
MD
LG