Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз бонкҳои Амрико кӯмак мебинанд


Имрӯз интизор меравад, ки ҳукумати ИМА ба миқдори 250 миллиард доллар саҳмияҳои бонкҳои бо мушкил рӯбарӯшударо харидорӣ кунад ва ин амал боиси то андозае ба эътидол омадани вазъи бозорҳои молӣ шавад. Қарор аст, ҳукумат ба ин тарз ба нӯҳ бонки бузургтарини Амрико кӯмак кунад. Маблағҳои мазкур бахше аз нақшаи наҷоти ҳукумат ба маблағи 700 миллиард доллар мебошад, ки моҳи ҷорӣ аз ҷониби Конгресси Амрико пазирифта шуд. Аммо ин навбат сиёсати кӯмаки ҳукумат ба бонкҳо тағйир хӯрда аз харидории ба истилоҳ қарзҳои бад ба харидории саҳмияҳои ин бонкҳо равона мешавад. Рӯзи душанбе чанд ҳукумати аврупоӣ низ гуфтанд, ки ният доранд ба айнан чунин иқдом даст зананд ва бо харидории саҳмияҳои бонкҳои дучори мушкилшуда ба онҳо ба маблағи 1,7 триллион Евро, муъодили 2,3 триллион доллар кӯмак ироа кунанд. Баъди пушти сар шудани бадтарин ҳафта аз лиҳози нишондодҳои бозор, рӯзи душанбе қимати саҳҳом дар Амрико беш аз 11 дар сад афзоиш ёфт. Дар дигар нуқоти ҷаҳон ҳам ҳамингуна болоравии қимати саҳҳом ба мушоҳида расидааст.
XS
SM
MD
LG