Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИА муносибот бо Маскав ва Тошкандро баррасӣ кард


Дар нишасти вузарои корҳои хориҷаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Луксембург се мавзӯъи асли мавриди баҳс қарор гирифт.

Мавзӯъи аввал аз ҳоли таълиқ берун овардани музокироти қарордоди нави ҳамкорӣ бо Русия буд, ки Бруксел дар пайи низоъи низомӣ миёни Русияву Гурҷистон мутаваққифаш кардааст. Шарти азсаргирии ин музокирот хуруҷи пурраи нирӯҳои Русия аз хоки Гурҷистон ва иҷрои ҳама бандҳои қарордоди оташбасе буд, ки моҳи август бо миёнҷигии Иттиҳодияи Аврупо ҳосил шуд.

Дар нишасти Люксембург Олмон ва Фаронса иброз доштанд, ки бо дарназардошти шурӯъи хуруҷи артиши Русия аз ба ном минтақаҳои амниятӣ дар сарзаминҳои бо вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷануби ва Абхозистон ин музокиротро бо Маскав мешавад аз сар гирифт. Алорағми талоши Берлин ва Порис барои оғози ҳарчи зудтари музокирот 7 кишвар, ки аксарияташон аз Аврупои Шарқӣ мебошанд, пофишори карданд, ки барои идомаи гуфтушунид Маскав бояд гомҳои бештар бардорад.

Бритониё, Шветсия ё худ Свид, Лаҳистон ё худ Полша ва кишварҳои соҳили баҳри Балтик бо мухолифат ба мавзеъгирии Фаронса ва Олмон тақозо карданд, ки низомиёни Русия бояд ба мавқеъи то рӯзи 7 август баргарданд.

Баъд аз нишаст вазири корҳои хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер аз мавқеъи Фаронса пуштибонӣ карда гуфт, Иттиҳодияи Аврупо набояд шартҳои ғайривоқеъӣ гузорад ва набояд умедвор шавад, ки низомиёни русӣ Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро тарк мегӯянд.

“Гуфтушунуд дар бораи мушорикат то замоне ба таъхир гузошта шуд, ки Маскав ҳамаи бандҳои созишномаи Медведев Саркозиро иҷро кунад. Дар воқеъ, талаби асли хуруҷи артиши русӣ аз манотиқи амниятӣ дар наздики Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон буд, ва мо метавонем гуфт, ки ин шартҳо иҷро шуданд”. Кушнер афзуд, бо вуҷуди ихтилофи назар миёни аъзои иттиҳодия ин масъала дар ҳамоиши сарони Иттиҳодияи Аврупо, ки 15 ва 16 октябр дар Бруссел доир хоҳад шуд, мавриди муҳокима қарор мегирад.

Дар баёнияи вузарои корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки дирӯз ба нашр расид, фарохонии артиши русӣ аз ба ном минтақаҳои амниятӣ истиқбол мешавад, аммо ҳамзамон гуфта мешавад, ки барои мувофиқати пурра ба созишномаи оташбас Маскав бояд гомҳои иловагӣ бардорад. Масъалаи дигари муҳим дар нишасти Люксембург беҳбуди равобити иттиҳодияи бо Узбакистон будааст. Вузарои аврупоӣ таҳрими судури иҷозаи сафар барои ҳашт мансабдори узбакистониро, ки дар даст доштан дар куштори тазоҳургарони Андиҷон дар соли 2005 айбдор мешуданд, лағв кард.

Аҳли нишаст беҳбуди вазъ дар Узбакистонро далели лағви ин таҳримҳо номидаанд. Бо вуҷуди ин мутахассисон дар хилват мегӯянд, ки дар асл пешрафтҳои Тошканд чандон қобили мулоҳиза нестанд ва сабаби аслии лағви таҳримҳо талоши Иттиҳодияи Аврупо барои густариши нуфузаш дар минтақаи аз манобеъи энержӣ бойи Осиёи Марказист.

Вазири корҳои хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер эълом дошт, ки лағви монеъаҳо дар роҳи судури раводиди сафар ба мақомдорони аршади Узбакистон бештар амали “ангезишбахшанда” барои оянда аст, на мукофот барои пешрафтҳои он кишвар.

Дар баёнияи расмии нишаст бахшида ба Узбакистон иттиҳодия беҳбудшавии вазъи риояи ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун дар он кишвар дар як соли охирро истиқбол кард. Ҳамзамон Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди идомаи боздошти ҳомиёни ҳуқуқи башар ва манъи аёдати онҳо аз ҷониби намояндагони созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Аз дидгоҳи таҳлилгарон талошҳои иттиҳодия барои беҳбуди равобит бо Узбакистон бахши кушишҳои фарогиранда барои муқобила алайҳи нуфузи Русия дар кишварҳои собиқ шурави, ки баъд аз ҳамлаи Русия ба Гурҷистон дар ҳоли афзоиши бавижа будааст.

XS
SM
MD
LG