Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди ҳафтаҳои зиёди ноумедӣ аз он ки барномаи наҷоти низоми молии ҳукумати Амрико наметавонад ба беҳбудёбии вазъ сабаб шавад, ниҳоят ду рӯзи охир бисёр чиз тағйир ёфт. Нахуст дар Амрико ва баъдан дар Осиёву Аврупо нишондодҳои бозор боло рафт ва назар ба андешаи таҳлилгарон, тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ сабаби чунин тағйироти мусбат гардид.

Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико ахиран гуфт:

"Ин рӯзҳои сахт аст барои иқтисоди мо, аммо бо ин вуҷуд мо мутмаин ҳастем, ки бо ин чолишҳо кор карда метавонем ва Амрико ҳамкориашро бо дигар давлатҳо дар амри ҳамоҳангсозии тадбирҳо дар ин шароити бӯҳрони ҷаҳонӣ идома хоҳад дод".

Амрико қарор аст 250 миллиард доллар кӯмакро аз ҳисоби барномаи наҷоти 700-миллиардолларие, ки моҳи ҷорӣ аз ҷониби Конгресс қабул шуд, ба 9 бонки бузургтарини кишвараш бидиҳад. Ин маблағ барои харидории саҳмияҳои ин бонкҳо равона шуда, ба идомаёбии кори маъмулии бонкҳо мусоидат хоҳад кард. Худдории бонкҳо аз идомаи фаъолияти қарздиҳиашон эҳсоси тарсу ваҳмро аз пеш омадани рукуди шадиди иқтисодӣ ба миён овард.

Ҳоло аз ин иқдоми Амрико ҳукуматҳои аврупоӣ ҳам пайравӣ мекунанд: Бритониё ҳафтае пеш ба ҳашт бонки бузургтарини ин кишвар 50 миллиард фунт стерлингро бар ивази бахше аз саҳмияҳои ин бонкҳо ихтисос дод.

Нақшаи наҷоти мазкур пеш аз ҳама аз андешаи ба истилоҳ кандани қарзҳои сиёҳ ё бад сарчашма гирифт, ки аксар бонкҳои ҷаҳонӣ бо он мувоҷеҳ шуданд: дар пайи шикасти бозори хонафурӯшии Амрико ин мушкил ба таври занҷираӣ ба кулли манотиқи ҷаҳон сироят кард ва боиси ба миён омадани бӯҳрони шадиди молӣ шуд.

Кишварҳои дигари аврупоӣ, ки аз Бритониё пайравӣ карданд, амалан чанд ҳафта пеш наметавонистанд дар ин замина як тасмими ниҳоӣ ва ҳалкунанда бигиранд. Вале ниҳоят, Олмон розӣ шуд, ки нақшаи наҷоти бонкҳоро ба миқдори 500 миллиард евро, Фаронса ба миқдори 360 миллиард евро ва Итолиё бо маблағи барои бонкҳо зарурӣ таъмин кунад.

Дар хориҷи Аврупо - Имороти Муттаҳидаи Араб 19 миллиард долларро ба риштаи бонкдорӣ ихтисос дода Австралия арзиши нақшаи наҷоташро дар ҳудуди 7 миллиард доллар муқаррар кард.

Ва ҳоло пурсиши аслӣ ин аст, ки то куҷо ин ҳама маблағҳо барои дубора фаъол ва зинда шудани кори низоми бонкдорӣ ва ҷараёни қарздиҳии ин бонкҳо ба соҳибкорон мусоидат хоҳад кард? Аксар иқтисодшиносон дар ин замина боэҳтиёт сӯҳбат мекунанд ва яке аз онҳо барандаи ҷоизаи имсолаи Нобел дар риштаи иқтисод Пол Кругман, профессори донишгоҳи Принстони Амрико мебошад. Вай дар мусоҳибае баъди эълони исмаш ба унвони барандаи ҷоизаи Нобел гуфт:

"Мо бояд тайи чанд рӯзи дигар мушоҳида кунем, ки оё бозорҳои қарздиҳӣ дубора фаъол мешаванд ё на. Ва агар онҳо ба фаъолият шурӯъ кунанд ҳам, ин маънои онро нахоҳад дошт, ки дубора иқтисод дар фурсати кӯтоҳ эҳё мешавад. Ин ҷо ҳоло чанд мушкили хеле азими нузули иқтисоди воқеӣ бар асари бӯҳрони баамаломада мавҷуд аст. Аз ин рӯ, бо вуҷуди ин ки мо бозорҳои қарздиҳиро боз мекунем, рукуди хеле шадид дар пеш аст".

Рӯзҳои наздик нишон хоҳад дод, ки то куҷо вазъ метавонад ба самти беҳбудёбӣ ё баръакс тағйир ёбад, мегӯянд коршиносони умури иқтисодӣ.

XS
SM
MD
LG