Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагӣ ба музокироти Русияву Гурҷистон дар Женева


Normal 0

Интизор меравад, дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун имрӯз, як рӯз қабл аз ифтитоҳи музокироти байни Гурҷистону Русия вориди Женева шавад. Ҳадаф аз ин музокирот, ки бо пуштибонии СММ, ИА ва САҲА доир мешавад, таҳкими суботу амният дар минтақа ва кӯмак ба мардумест, ки дар асари низоъи низомии моҳи август миёни Русияву Гурҷистон беҷо шудаанд.

Русия мехоҳад, дар музокироти Женева ҳайъатҳои Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, ҳарду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон низ ширкат биварзанд, вале Тифлис ин ду вилоятро ҷузъи қаламрави худ шинохта, мухолифи ширкати мустақилонаи онҳост. Бино ба хабарҳо, дар музокироти Женева як ҳайъати Амрико низ иштирок хоҳад кард.


XS
SM
MD
LG