Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко муваззаф шуд, пули интихоботро биёбад


Normal 0

Шӯрои миллии амният ва дифоъи Украина аз сарвазир Юлия Тимошенко хостааст, барои баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ, ки хонум Тимошенко мухолифаш мебошад, 85 миллион доллар пайдо кунад. Ин Шӯро, ки раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко даъват кард, аз Тимошенко тақозо кардааст, маблағи лозим барои баргузории интихоботи рӯзи 7 декабрро то поёни рӯз пайдо кунад.

Ихтилофи назари байни тарафдорони раисиҷумҳур Юшенко ва сарвазир Тимошенко, ду муттаҳиди собиқ дар даврони “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004, мунҷар ба фурӯпошии эътилофи ҳоким дар Украина шуд ва Юшенко дар пай парлумонро пароканда ва интихоботи ҷадид даъват кард.


XS
SM
MD
LG