Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳамлаи густарда"-и Илҳом Алиев ба Арманистон


Normal 0

Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дирӯз дар суханрониии пешазинтихоботиаш ба иттихози як сиёсати, ба гуфтаи ӯ, “ҳамлаи густарда” алайҳи ҳамсоякишвари Арманистон даъват кард. Ду кишвар ҳанӯз соли 1994 ба қарордоди оташбас имзо кардаанд, вале то кунун ба иллати ҷанҷоли вилояти умдатан арманинишин ва ҷудоихоҳи Қаробоғ, миёни Боку ва Ереван ҳеҷ навъ равобити иқтисодӣ ва дипломатӣ вуҷуд надорад. Қаробоғ, ки ҷамъияташ тақрибан 150 000 нафар баровард мешавад, ҳанӯз соли 1991 худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи чоршанбе, 15 октябр баргузор шуда, ғолибан бо пирӯзии Илҳом Алиев, президенти кунунӣ, анҷом хоҳад ёфт.


XS
SM
MD
LG