Пайвандҳои дастрасӣ

Хушунатҳои хунин дар вилояти Ғазнии Афғонистон


Normal 0

Дар асари хушунатҳои ахир дар вилояти Ғазнии Афғонистон 8 нафари ғайринизомӣ кушта шуда, нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико 5 чирикии толибро, ки гуфта мешавад, бо ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида робита доштаанд, низ дар ҳамин вилоят ба ҳалокат расондаанд.

Ба мина бархӯрдани як мошин дар вилояти Ғазнӣ мунҷар ба ҳалокати 6 нафар шуда, ду ғайринизомии дигар замоне кушта шуданд, ки ҳамлаи хумпораии чирикиҳо алайҳи як пойгоҳи низомӣ иштибоҳан ба манзили онҳо асобат кард.


Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG