Пайвандҳои дастрасӣ

ИА шурӯъи музокирот бо Русияро ба таъхир гузошт


Normal 0

Вазирони хориҷаи ИА азсаргирии музокироти ҳамкорӣ бо Русияро то замони аз сӯи Маскав пурра иҷро шудани қарордоди оташбасаш бо Гурҷистон ба таъхир андохт. Раҳбарони ИА музокироти ин қарордоди ҳамкорӣ бо Маскавро дар пайи низоъи низомии моҳи август миёни Русия ва Гурҷистон мутаваққиф карда буданд.

Бархе раҳбарони Аврупо мегӯянд, Русия нирӯҳояшро аз минтақаҳои ҳоили атрофи вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон берун кашидааст ва бояд акнун музокиротро бо Маскав аз сар гирифт. Аммо бархе кишварҳои дигари Аврупо мегӯянд, Маскав ӯҳдадориҳояшро қисман иҷро кардааст ва бояд нирӯҳояшро ба мавзеъҳои берун бикашад, ки то рӯзи 7 август, яъне то шурӯъи низоъ бо Гурҷистон, таҳти назорат дошт.


XS
SM
MD
LG