Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиёзи ИА ба Лукашенко ва мақомоти дигари Минск


Normal 0

Бино ба хабарҳо, нишасти вазирони хориҷаи ИА дар Люксембург қарори манъи ироаи раводиди сафар ба раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва мансабдорони дигари давлати ӯро ба муддати 6 моҳ мутаваққиф кардааст.

Аммо ин имтиёз фарогири раиси куммиссиюни интихоботи Беларус ва ҳам мансабдороне нест, ки дар ғайб задани фаъолони мухолифин дар солҳои пешин даст доштаанд.

Дар нишасти Люксембург барои нахустин бор дар чанд соли охир вазири хориҷаи Беларус Сергей Мартинов низ ширкат дошт.


XS
SM
MD
LG