Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси Академияи байнулмилалии зидди фасод


Полиси байнулмилал ва дафтари зидди ҷинояткории Созмони Милали Муттаҳид як академияи вижаеро таъсис медиҳанд, ки ба мақомоти кишварҳои гуногуни ҷаҳон роҳҳои мубориза бо фасодро хоҳад омӯзонд. Академияи байнулмилалии зидди фасод тирамоҳи соли 2009 дар Вена ба кор оғоз хоҳад кард. Дар он мақомоти аршади ҳукуматҳо ва кормандони полис роҳҳои пешгирӣ, ифшо ва решакобии фасоду ришватро ёд хоҳанд гирифт. Фасод солона дар ҷаҳон сабаби 1 триллион доллар зарар ба иқтисоди ҷаҳон мешавад.
XS
SM
MD
LG