Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани байнулмилалии исломшиносӣ дар Теҳрон


Раисиҷумҳури пешини Эрон, Муҳаммад Хотамӣ, имрӯз дар Теҳрон меҳмондори конфаронси байнулмилалие буд, ки ба тафкики ислом ҳамчун дин ва исломгароӣ ҳамчун идеолужики тундравона нигаронида шудааст. Собиқ Дабири кулли Созмони Милал Кофӣ Аннон ва чанд президенту сарвазири пешини кишварҳои аврупоӣ низ дар ин нишаст ҳузур доштанд. Хотамии ислоҳотхоҳ рақиби президенти феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи июни соли оянда шумурда мешавад. Аммо ӯ ҳанӯз нагуфтааст, ки дар ин сабқат ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG