Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ як марзбон ва 7 нафар шаҳрванди мулкиро дар ноҳияи Мурғоб барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва шикори ғайриқонунӣ ба мӯҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст.

Додгустар Тоҳир Искандаров изҳор дошт, ки аз айбдоршавандаҳо ҳамчунин 240 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар ба фоидаи идораи назорати давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи табиати ноҳия рӯёнда шудааст.

Ба гуфтаи Фармон Шарифов, додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ хизматчии қароргоҳи марзбонӣ, воқеъ дар маҳалли Тохтамиш, Хушканд Соҳибназаров ва сокинони бумии қиргизтабор ҳангоми шикори ғайриқонунии як сар гӯсфанди нодири Марко Поло аз ҷониби кормандони амниятӣ боздошт шудаанд. Вай гуфт, ки аз қонуншиканҳо ҳамчунин як автомати Калашников бо тир мусодира шуд, ки онро хизматчии ҳарбӣ тибқи маслиҳати пешакӣ бо сокинон аз қароргоҳи марзбонӣ берун бурдааст.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи додситон, аммо яке аз ин сокинони мулкии нисбаташ ҳукм содир гардида, бинобар ҳозир нашудан ба мурофиаи додгоҳӣ дар пайгард эълон шудааст.

Ба иттилоъи доситонӣ ин дуввумин ҳодисаи шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир дар минтақаи Помири Шарқӣ аст, ки бо мушорикати марзбонон сурат гирифтааст. Вай баён дошт, ки дар ҳодисаи қаблӣ сардори як қароргоҳи дигари марзбонӣ афроди мулкиро ба қасди шикор бо автомати Калашников мусаллаҳ намуд, аммо ин гурӯҳ дар роҳ аз ҷониби кормандони амниятӣ дастгир ва силоҳашон мусодира шуд.

Дар ҳар ду ҳодисаи шикори ғайриқонунӣ ҷазо нисбати афроди низомӣ то 5 ва афроди мулкӣ то 3 сол шартан тадбиқ шудааст. Ба гуфтаи додгустар, муҷозот бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва ҳолатҳои дигари сабуккунанда таъин гардидааст.

Дар ҳамин ҳол масъулини идораи назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиати вилоят мегӯянд, ки саршумори барраи Марко Поло рӯ ба афзоиш дорад. Додситонӣ низомии гарнизони Хоруғ изҳор дошт, ки онҳо таҷаммӯъи ин барраи нодирро дар хати симхори байнимарзӣ мушоҳида кардаанд.

Вай гуфт, пештар ин чиз набуд, аммо ҳоло назди бархе аз дидбонгоҳҳои марзӣ ин ҳайвонотро дар масофаи чашм дидан мумкин аст ва ин нишонаи он аст, ки онҳо эҳсоси амният мекунанд. Ба гуфтаи додситонӣ, дар пайи ҳодисаи ахири шикориғайриқонунӣ гурӯҳи махсус ба ноҳияи Мурғоб сафар намуда, аз сар силоҳу муҳимоти қароргоҳ ва қисмҳои марзбониро ба ҳисоб гирифтанд. Вай гуфт, ки ҳамчунин бо марзбонон оиди риояти қонун ва мусоидат ба ҳифзи муҳити зист сӯҳбатҳо доир гардиданд.

Тибқи баҳисобгирири охир, мутахассисон саршумори барраи Марко Полоро дар минтақа 10-12 ҳазор, аммо олимони набототшиноси Академияи Улуми Ҷумҳурӣ 5-6 ҳазор сар арзёбӣ мекунанд. Бо дастури президенти кишвар аз моҳи январ ба муддати дусоли оянда ба шикори барраи Марко Поло мараторӣ эълон шуда, мутахассисон мегӯянд, ки ин иқдом ба афзоиши саршумори ин ҳайвони нодири муштамили китоби сурх мусоидат хоҳад намуд.

XS
SM
MD
LG