Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти пайравони «Ҳизб-ут-таҳрир»


Ба иттилоъи кумитаи амнияти Қирғизистон, беш аз сӣ фаъоли созмони тундрави «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ноҳияи Навкати вилояти Ӯшро ба гумони созмон додани беназмиҳои оммавӣ дар рӯзи иди фитр боздошт карданд.

Бино ба ин манбаъ дар ҳамин ҳол ба 28 нафари онҳо аз рӯи моддаҳои қонуни кайфарии кишвар парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Гуфта мешавад, аз ҷумла, ин афрод тибқи моддаҳои ҷалби наврасон барои содир кардани ҷиноят, қасдан аз байн бурдан ё расонидани хисорот ба амволи ҷамъиятӣ, таъсиси беназмиҳои оммавӣ, истифодаи нерӯ дар муқобили намояндагони ҳукумат ва амсоли он муттаҳам хоҳанд шуд. Кумитаи амният ҳамчунин тазаккур додааст, ки дар миёни иштирокчиёни беназмиҳои 1 октябр дасти кам ҳафтод шогирди мактаби таълимоти ҳамагонӣ низ шомиланд.

Қобил ба ёдоварист, ки рӯзи иди фитр дар назди идораи ҳукумати ноҳияи Навқат як гурӯҳ ҷавонону наврасон даст ба беназмиҳо заданд. Гуфта мешавад, онҳо аз мақомот талаб намуданд, ки тақсими палави идона ва тадобири дигари марбут ба ин идро маҳз дар майдони назди бинои ҳукумати ноҳия баргузор хоҳанд кард. Аммо мақомот варзишгоҳи марказии ноҳияро дар мавриди баргузории ин гуна тадобири идона ҷои хеле муносиб арзёбӣ кардаанд.

Вале чунин бархӯрд боиси ранҷиши ҷавонону наврасон ва сар задани беназмиҳо гардидааст ва бар асари сангпарониҳои зиёд шишаи аксарияти тирезаҳои бинои ҳукумати ноҳия хисорот дидааст. Ҳатто гурӯҳе аз ҷавонон хостаанд, ки бинои ҳукумати ноҳияро ғасб кунанд.

Аммо ходимони пулис ва гурӯҳи вижаи зудамал ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд ва тавассути калтакҳои резинӣ хостаанд, эътирозгаронро пароканда кунанд. Фақат баъди истифода аз гази ашковар ва ба осмон тир парондани ходимони интизомӣ гурӯҳе аз иштирокчиёни беназмиҳо боздошт ва гурӯҳи дигар ба ҳар тараф пароканда шудаанд.

Ба гуфтаи кумитаи амнияти Қирғизистон, афроде, ки боздошт карда шуданд, фаъолони созмони тундгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки иштирокчиёни беназмиҳо узвияти худ ба ин созмони тундгароро қотеъона рад намудаанд.

Ба гуфтаи яке аз иштирокчиёни ин беназмиҳо, онҳо мусалмонони оддӣ ҳастанд ва чи будани "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро намедонанд. Дар ҳамин ҳол Ясур Лома, мушовири идораи мусулмонони ҷумҳурӣ, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, одат шудааст, ки сар задани чунин ҳодисаҳоро ба тундгароёни исломӣ, аз ҷумла ҳизби таҳрир марбут хонанд. Ба гуфтаи мушовири идораи мусулмонони Қирғизистон, вале вай чунин мешуморад, ки ин як ҳодисаи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ буд, ки идораҳои интизомӣ ба он ниқоби сиёсӣ пӯшониданианд.

Ясур Лома гуфт, ки ин ҷавонон ба ҳайси авбошон бояд муҷозот шаванд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, баъзе дастандаркорони идораҳои ҳукуматӣ мехоҳанд, ки тарҳи нави Қонун «Дар бораи озодии дин ва виҷдон» ба тасвиб бирасад, ки вазъиятро беҳбуд хоҳад бахшид. Ба гуфтаи Ясур Лома вале ин роҳи раҳоӣ аз бӯҳрон нест.

Дар ҳамин ҳол бо амри раисиҷумҳури Қирғизистон раҳбари ноҳияи Навқат аз вазифа барканор гардид. Ба гуфтаи иддае аз коршиносон, ҳукумат дар баробари боздошт кардани сӣ нафар, ки дар узвият ба созмони тундгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» гумонбар шудаанд, дар айни ҳол ин созмонро беш аз пеш тарғибу ташвиқ мекунад.

Коршиносон меафзоянд, аммо дар асл ин созмон, ки бунёди хилофатро дар Осиёи Марказӣ ва ҳатто саросари ҷаҳон ҳадаф қарор додааст, як кори ношуданӣ ва аз ақл берун аст.

XS
SM
MD
LG