Пайвандҳои дастрасӣ

Лағви бархе аз таҳримҳои зидди Узбакистон


Иттиҳоди Аврупо як бахши боқимондаи таҳримҳои зидди Узбакистонро бекор кард ва мегӯяд, Тошканд дар мурооти ҳуқуқи инсон ба пешрафтҳо ноил шудааст. Иттиҳоди Аврупо дар соли 2005 дар посух ба ҳодисаҳои Андиҷон, тирборон ва қатли тазоҳуркунандагон ин таҳримҳо, аз ҷумла манъи сафари намояндагони ҳукумати Узбакистонро оғоз карда буд. Дар ҷаласаи имрӯзаи худ дар Люксембург, вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба созиш расиданд, ки аз моҳи оянда таҳрими раводидҳои сафар ба мақомоти Узбакистон лағв гардад. Аммо таҳрими фурӯши аслиҳа ба Узбакистон бетағйир боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG