Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ макони Додоҷони Атовуллоро муайян кардааст


Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов гуфт, ки зимни парвандаи сардабири "Чароғи рӯз" ва раиси ҳаракати "Ватандор" додситонии кулли Тоҷикистон боздошт ва истирдоди Додоҷон Атовуллоевро дархост кардааст. Вай изҳори итимонон кард, ки ин истирдод ба амал хоҳад омад. Бобохонов афзуд, мақомоти Тоҷикистон медонанд, ки Атовуллоев дар Олмон ё Фаронса ба сар мебарад ва боздошту ба Тоҷикистон овардани ӯ фақат фурсат мехоҳад.
XS
SM
MD
LG