Пайвандҳои дастрасӣ

Қотили Олег Захарченко ошкор шудааст


Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов гуфт, қотили фармондеҳи гурӯҳи таъиноти вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Олег Захарченко ошкор шудааст, вале такмили парвандаи ин куштор ба таъвиқ афтодааст. Захарченко ҳангоми ҳамла ба идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар водии Рашт дар моҳи феврал ба ҳалокат расида буд. Дар ҳоле ки аъзои ин идораи таҳти раҳбарии Мирзохӯҷа Аҳмадов масъули ҳодиса номида мешаванд, дар сафари ахираш ба водии Рашт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Аҳмадов мулоқот ва ӯву ҳамкоронашро афв кард. Аммо додситони кул мегӯяд, гунаҳкорони ҳодиса ба ҷазо хоҳанд расид.
XS
SM
MD
LG