Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли даҳҳо ошӯбгар дар манотиқи қабоилии Покистон


Ҳарбиёни Покистон мегӯянд, даҳҳо тан аз ситезаҷӯёни марбут ба Толибонро дар ду минтақаи шимолу ғарби ҳаммарз бо Афғонистон ба ҳалокат расондаанд. Дар як зарбаи ҳавоӣ дар минтақаи қабилаи уракзай 27 ошӯбгари эҳтимолӣ, аз ҷумла ду фармондеҳи муҳими онҳо кушта шудаанд. Ин ҳамлаи ҷавобӣ ба таркиши худкушонае дар минтақа буд, ки бар асари он чандин тан аз афроди зидди Толибон ба ҳалокат расиданд. Як амалиёти дигари зидди ошӯбгарон дар минтақаи Боҷаур ба амал омада, ба гуфтаи мақомоти покистонӣ бомуваффақият будааст.
XS
SM
MD
LG