Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони барандаи Ҷоизаи Нобел дар иқтисод


Фарҳангистони улуми салтанатии Шведсия Ҷоизаи Нобел дар иқтисодиётро ба донишманди амрикоӣ, Пол Кругман дод. Иқтисодшинос Кругман, ки дар Донишгоҳи Принстон дарс медиҳад, тиҷорати озод ва ҷаҳонишавии иқтисодиётро таҳқиқ карда ва бозёфтҳои ӯ ба ин ду соҳа таъсири муҳим доштаанд. Ҷоизаи Нобел дар иқтисодиёт шашумин ва охирин ҷоизаи солонаи Нобел мебошад, аммо ҷоизаест, ки баъдан изофа шудааст. Чиҳил сол пеш, ҳангоми таъсиси ҷоизаҳо ба гиромидошти хотираи Алфред Нобел, соҳибкор ва донишманди риштаи маводи мунфаҷира дар садаи 19, Бонки Шведсия танҳо ҷоизаҳои сулҳ, адабиёт ва илмро эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG