Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба Лукашенко роҳ боз кард


Дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург таҳрими сафари раҳбари Беларус Аляксандр Лукашенко ва мақомоти дигари ин кишварро барои шаш моҳ лағв карданд. Иттиҳод ин таҳримҳоро дар соли 2006 бо эътироз аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Беларус ҷорӣ карда буд. Ахиран Беларус ҳамаи маҳбусони сиёсиро озод кард ва ҳамчунин интихоботе дошт, ки САҲА онро амиқан ноозод ва беадолатона номид. Дар ҳошияи нишаст қарор аст, вазирони Иттиҳоди Аврупо бо вазири умури берунаи Беларус Сергей Мартинов мулоқот кунанд, ки аввалин дидори чунин сатҳ дар солҳои охир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG