Пайвандҳои дастрасӣ

Бетасмимии Иттиҳоди Аврупо дар муносибат бо Русия


Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар дидоре дар Люксембург натавонистанд, дар масъалаи идомаи гуфтушуниди коршарикӣ бо Русия ба як натиҷа бирасанд. Ин гуфтушунид баъд аз ҳамлаи Русия ба қаламрави Гурҷистон қатъ гашта буд. Бархе аз кишварҳо гуфтанд, ҳоло ки Маскав нерӯҳояшро бозхондааст, метавон гуфтушунидро идома дод, вале аъзои дигари иттиҳод, аз ҷумла вазири умури берунаи Шведсия, Карл Билдт, бар инанд, ки Русия танҳо бахше аз тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи Аврупоро иҷро кардааст. Вай гуфт: "Онҳо аз баъзе манотиқ, пеш аз ҳама, манотиқи ҳоил, хориҷ шуданд, аммо манотиқеро ҳанӯз дар даст доранд, ки пеш аз 7-уми август, он ҷо набуданд."
XS
SM
MD
LG