Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари футболбозони ҷавони тоҷик ба Туркия


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон 13-уми октябр ба Туркия сафар кард.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, футболбозони тоҷик дар марҳилаи дуввуми омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Анталияи Туркия бо дастаҳои ин кишвар се бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд ва сипас ба Арабистони Саъудӣ сафар хоҳанд кард.

Ба ҳайъати даста 20 бозигар аз бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва, инчунин, 3 нафар шогирдони футболи тоҷик – Фарҳод Восиев, аз «Сатурн»-и Русия, Музаффар Фузайлов, аз дастаи «Бухоро»-и Узбакистон, Нуриддин Давронов, аз «Локомотив»-и Маскав, дохиланд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 31-уми октябр то 14-уми ноябр дар Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, дар гурӯҳи С бо дастаҳои Чин, Куриёи Шимолӣ ва Лубнон бозӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG