Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони 15 кишвари минтақаи евро бо иловаи Бритониё, ки узви ин минтақа нест, дар Порис дар мавриди тарҳи раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ мувофиқат карданд.

Ҳадаф аз ин тарҳ ҷилавгирӣ аз густариши тарси фурӯпошии низоми молии ҷаҳонӣ мебошад.

Мизбони нишаст раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфт, кишварҳое, ки дар додугирифт аз “евро” истифода мебаранд, барои осон кардани ихтисоси вомҳо муваққатан сармоягузории бонкҳоро замонат медиҳанд. Вай афзуд, ин тасмими 15 кишвари минтақаи “евро” ҳадя ба бонкҳо намебошад ва чунин вазъи изтирорӣ танҳо то охири соли оянда идома хоҳад ёфт.

Ҷузъиёти бештари тавофуқоти бадастомада дар Порис ҳанӯз дастрас нест, вале Никола Саркозӣ гуфт, ки кишварҳои Аврупо аллакай рӯзи 13 октябр барномаҳои миллии зиддибӯҳронии худро эълом хоҳанд кард.

Яке дигар аз иштирокдорони нишасти Порис нахуствазири Бритониё Гордон Браун низ хушбинона гуфт, бовар дорад, ки дар муддати чанд ҳафтаи оянда эътимод ба низоми бонкӣ барқарор мешавад.

Мақомоти расмӣ иттилоъ медиҳанд, тарҳи Аврупо ихтисоси садҳо миллиард долларро бар илова ба он сармояҳои бузурге, ки аллакай барои наҷоти бонкҳо ва ба эътидол овардани вазъи бозорҳои молӣ масраф шудаанд, пешбинӣ мекунад. Гуфта мешавад, Бритониё, ки барои наҷоти бонкҳояш аллакай 700 миллиард доллар ваъда додааст, маҷбур шуд ду бонки бузургтарини кишварро, ки дар натиҷаи бӯҳрон зиёни бештар дидаанд, зери назорати давлат биорад. Браун аз баррасии ин мавзӯъ худдорӣ намуд, вале ба назар мерасад, ки Аврупо низ тасмим гирифтааст, аз Бритониё ибрат гирифта, ба бонкҳои хусусӣ ёрӣ расонад.

XS
SM
MD
LG