Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси равобит бо Русияву Беларус дар Люксембург


Normal 0

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви ИА рӯзи душанбе дар Люксембург дурнамои равобити ин созмон бо Русияву Беларусро баҳс мекунанд. Як мавзӯъи баҳс музокироти қарордоди нави ҳамкории ИА бо Маскав дар пайи хуруҷи нирӯҳои Русия аз митақаҳои ҳоили атрофи вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистони Гурҷистон аст. Бруксел ин музокиротро баъд аз вуруди нирӯҳои Русия ба хоки Гурҷистон мутаваққиф карда буд. Баъзе кишварҳои ИА аммо мегӯянд, Маскав ӯҳдадориҳои худ дар чаҳорчӯби қарордоди оташбаси бо миёнҷигии ин созмон имзошударо фақат қисман иҷро кардааст.

Қарор аст, вазирони хориҷаи ИА ҳамчунин бо ҳамтои беларуси худ Сергей Мартинов мулоқот кунанд. Ин нахустин мулоқоти дар чунин сатҳи баланд бо Беларус дар чанд соли охир маҳсуб шуда, дар он коҳиш додани таҳримоти Аврупо алайҳи Беларус ва лағви қарори манъи ироаи раводиди сафар ба мансабдорони беларусӣ баррасӣ хоҳад шуд.

ИА ироаи раводид ба раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва мансабдорони дигари давлати ӯро ба далели нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои демократӣ манъ карда буд.


XS
SM
MD
LG