Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исландия аз Русия 4 миллиард евро қарз мехоҳад


Normal 0

Имрӯз як ҳайъат аз вазорати молия ва бонки марказии Исландия ба хотири дарёфти қарз вориди Маскав мешавад. Музокироти ҷонибҳо рӯзи сешанбе доир хоҳад шуд, вале бино ба хабарҳо, Рейкявик мехоҳад ба хотири аз фурӯпошӣ наҷот бахшидани иқтисодаш аз Маскав 4 миллиард евро қарз ба даст биоварад. Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди Исландия шадидан асобат карда, давлати Исландия ҳатто маҷбур шуд, бисёре аз бонкҳоро зери қаноти худ оварда, ҳамин тавр, танзими қурби пули миллии кишварро низ таҳти назорат қарор диҳад.


XS
SM
MD
LG