Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳоким дар интихоботи Литва шикаст мехӯрад


Normal 0

Натоиҷи экзит-поллҳои дар ҷараёни интихоботи саросарии парлумонии Литва анҷомшуда ҳокист, ки дар ин маърака аҳзоби муҳофизакори мухолифин баранда мешаванд.

Бино ба ин назарсанҷиҳо, ҷунбиши “Ватан” тақрибан 21 фоизи ороро ба даст оварда, ду ҳизби мардумгаро, ё худ популист- ҳизби “Тартибот ва Қонун”-и раисиҷумҳури пешин Роландас Паксас ва ҳизби коргарии сиёсатмадори русзабон Виктор Успаских - маҷмӯъан чаҳоряки ороро бо худ мебаранд. Ин дар ҳолест, ки бино ба натоиҷи экзит-полл, ҳизби сотсиал-демократи сарвазири кунунӣ Гедиминас Киркилас ҳамагӣ ба чизе бештар аз 13 дарсади раъйи мардум даст ёфтааст.


XS
SM
MD
LG