Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи Медведев аз озмоиши мушакҳои Русия


Normal 0

Русия ахиран дар ҷараёни силсилаи тамринҳои густардаи низомиаш парти озмоишии се мушаки раҳбурдии дурпарвози худро анҷом додааст.

Ду мушак аз новҳои зериобии ҳастаӣ ба канори дигари кишвар парт шуда, раиси он ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев, ки парти озмоишии мушаки фароқораии “Топол”-ро дар шимолу ғарби Русия шахсан наззора мекард, чунин гуфт: “Мо зарфиятҳои таслиҳотии худро тақвият дода, табъан бо анвоъи нави таслиҳот мусаллаҳ хоҳем шуд. Аммо ҳамзамон мо озмоиши мушакҳои раҳбурдиеро, ки дар ихтиёр дорем, идома хоҳем дод. Муассирияти ин мушакҳоро вақт собит кардааст ва ин нишон медиҳад, ки сипари мушакии мо муҳкам аст.”

Ин дуввумин озмоиши мушаки фароқораии Русия дар зарфи чанд рӯзи охир буда, дар ҳоле сурат мегирад, ки қасди Амрико барои истиқрори сипари зиддимушакиаш дар Чехияву Лаҳистон равобити Маскаву Вошингтонро танишолуд кардааст.


XS
SM
MD
LG