Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МакКирнан ба пирӯзӣ бар Толибон бовар дорад


Normal 0

Фармондеҳи нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, генерали амрикоӣ Дейвид МакКирнан гуфт, паймони низомии НАТО ҷанг алайҳи Толибонро набохтааст, вале барои таъмини як амнияти лозим барои мардум нирӯ кофӣ нест.

Генерал МакКирнан гуфт, ӯ дар Афғонистон боз ба тақрибан 15 000 сарбози дигар зарурат дорад: “Аммо нирӯи иловагӣ ба сари танҳои худ наметавонад пирӯзиро барои мардуми Афғонистон замонат диҳад. Пирӯзӣ дар сурати пешрафт дар ҳарсе ҷабҳаи амалиёт мумкин мешавад: мудирияти хуб дар ҳамаи сатҳҳо, пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини амнияти мардум.”

Фармондеҳи нирӯҳои Бритониё дар Афғонистон Марк Чарлтон-Смиф ҳафтае пеш пирӯзӣ дар ҷанг зидди Толибонро ғайримумкин хонда, гуфта буд, фурсати музокира бо ҷангиён пеш омадааст.


XS
SM
MD
LG