Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи иқтисодии Нобел дар пасманзари бӯҳрони молӣ


Normal 0

Имрӯз дар Стокҳолм, пойтахти Шветсия, исми барандаи ҷоизаи имсолаи Нобел дар илми иқтисод эълон хоҳад шуд. Амалан ин ҷоиза сирф ҷоизаи Нобел нест, балки онро 40 сол пеш Бонки марказии Шветсия ба ёди Алфред Нобел, кошифи динамит ва асосгузори ҷоизаи ҷаҳонгир, таъсис додааст.

Дар пасманзари бӯҳрони шадиди молие, ки аз гиребони ҷаҳон гирифтааст, бархе интизор доранд, ки имсол ин ҷоиза шояд ба иқтисоддон ва ё гурӯҳи иқтисоддонҳое дода шавад, ки решаҳои ин ё чунин бӯҳронҳоро таҳқиқ карда бошанд.

Дар ҳар сурат, бо маълум шудани исми барандаи ҷоизаи иқтисодии Нобел мавсими имсолаи эъломи исми барандагони ин ҷоиза ба поён мерасад. Расми эътои ҷоизаҳои Нобел одатан рӯзи 10 декабр доир мешавад.
XS
SM
MD
LG