Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи ҷашнвораи "Дидор" дар Душанбе


Шоми якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи байналмилалии синамо бо номи “Дидор” оғоз ба кор кард. Сафари Ҳақдод, коргардони синамои тоҷик ва мудири ҷашнвораи “Дидор” гуфт, тайи 5 рӯз дар бахши байналмилалии ҷашнвораи имсола дар маҷмӯъ 24 филм вориди сабқат хоҳанд шуд ва 15 филми тавлиди худи Тоҷикистон дар як сабқати алоҳида ба маърази намоиш гузошта мешаванд.

Ҷашнвораи “Дидор” имсол бо кӯмаки Бунёди “Ҷомиаи Боз” ва ожонси рушди Швейтсария баргузор мешавад.


XS
SM
MD
LG