Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо илоҷи бӯҳрони молиро меҷӯяд


Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ ба хотири созиш дар мавриди расидагии воҳид ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ нишасти изтирорие баргузор карданд. Пештар аз ин нишаст дар шаҳри Пориси Фаронса Сандуқи Байналмилалии Пул аз хатари бадтар шудани бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон ҳушдор дод. Дар миёни мавзӯъҳои мавриди баррасии нишасти Порис, ғолибан замонати қарздиҳӣ дар миёни бонкҳо баррасӣ мешавад, ки чанде пеш Бритониё барои дигарбора фаъол кардани бозори молӣ аз он кор гирифт. Раҳбарони Фаронса ва Олмон рӯзи шанбе гуфтанд, ки ҳамоҳангсозии иқдомоти кишварҳои минтақаи воҳиди ягонаи пулии евро барои роҳ надодан аз амиқрафти бӯҳрон амри ҳаётӣ аст.
XS
SM
MD
LG