Пайвандҳои дастрасӣ

Ниёзи НАТО ба нерӯи изофӣ дар Афғонистон


Фармондеҳи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон генерали амрикоӣ Дейвид Маккирнан гуфт, паймони НАТО дар ҳоли бохтани ҷанг бо Толибон нест, балки ин созмон нерӯҳои кофӣ надорад, ки амнияти мардумро ба таври муносиб таъмин кунад. Дейвид Маккирнан афзуд, иродаи ҷомеаи байналмилал барои ирсоли нерӯҳо ба Афғонистон ҷиҳати мубориза ба зидди Толибон ҳамчунон қотеъ мемонад. Генерали амрикоӣ имрӯз дар шаҳри Кобул гуфт, онҳо ба 15 ҳазор сарбози изофӣ зарурат доранд, то корашонро ба таври муносиб анҷом диҳанд. Ҳафтае пеш як генерали бритониёӣ гуфт, НАТО қодир ба пирӯзӣ дар ҷанг дар Афғонистон нест.
XS
SM
MD
LG