Пайвандҳои дастрасӣ

Каррубӣ дар интихоботи Эрон номзад мешавад


Меҳдӣ Каррубӣ, яке аз сиёсатмадорони ислоҳталаб ва шинохтаи Эрон гуфт, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли оянда номзадиашро ба ин мақом пешниҳод хоҳад кард. Ҳуҷҷатулислом Меҳдӣ Каррубӣ раиси собиқи порлумони Эрон, имрӯз зимни як нишасти хабарӣ аз нияташ хабар дод. Интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури Эрон моҳи июни соли 2009 баргузор мешавад. Меҳдӣ Каррубӣ - дабири кулли Ҳизби Эътимоди Миллӣ дар гузашта гуфтааст, Эрон бояд омодаи гуфтӯгу бо душманонаш бахусус Амрико бошад. Интизор меравад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури феълии Эрон, низ дигарбора номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кунад.
XS
SM
MD
LG