Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти изтирории кишварҳои соҳиби евро


Раҳбарони 15 кишвари аврупоии минтақаи воҳиди ягонаи пулии евро имрӯз дар шаҳри Пориси Фаронса дар як нишасти изтирорӣ ҷамъ омада ва масъалаи иқдоми воҳид барои расидагӣ ба бӯҳрони ҷаҳонии молиро баррасӣ мекунанд. То кунун аъзои Иттиҳодияи Аврупо барои ҷилавгирӣ аз амиқрафти бӯҳрон тадбирҳои алоҳида андешидаанд, чунки вазъи муассисаҳои молиашон гуногун аст. Ҳафтаи гузашта раҳбарони Фаронса, Бритониё, Олмон ва Итолиё дар мавриди андешидани тадбири ягона ва муштарак барои роҳ надодан ба бадтар шудани тӯфони молӣ ба созиш нарасиданд.
XS
SM
MD
LG