Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармчашмаи Помир: давои мардумӣ пайдост ин ҷо...


Гармчашмаи "Бибӣ Заҳро"
Гармчашмаи "Бибӣ Заҳро"

Дар осоишгоҳи мавсум ба чашмаи шифоии Бибифотимаи Заҳро, ки дар маҳалли Ямчуни ноҳияи Ишкошим воқеъ гардидааст, то ҳамин моҳи имсол беш аз 300 кас табобат гирифтаанд.

Сардори осоишгоҳ Меҳралӣ Сафаралиев мегӯяд, ки акнун ин чашмаи шифоӣ дар тобеъияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон қарор гирифтааст ва вазорати мазкур барои ободонии он зиёда аз 300 000 сомонӣ ихтисос додааст. Ӯ меафзояд: «Дар ин ҷо, қабл аз ҳама, тибқи роҳхат собиқадорони ҷангу меҳнат, маълулон ва «чернобилиҳо» ба табобат фаро гирифта мешаванд. Аммо барои табобат дар як вақт онҳо дар утоқхои дорои шароити хуб ҳамагӣ 40 катро дар ихтиёр доштанд ва мо маҷбур шудем ба таври иловагӣ барои табобатгирандагон дар боғи осоишгоҳ хаймаҳо занем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки шумори зиёди хоҳишмандони табобат, ки ба ин ҷо бе роҳхат меоянд, бино ба камбуди ҷои зист ба мушкилоти манзил рӯ ба рӯ мегарданд. Мудирияти осоишгоҳ иттилоъ дод, ки таййи ин муддат наздики 200 нафар чунин хоҳишмандони табобат аз набудани ҷой дар манозили сокинони деҳоти наздик иҷоранишин шуданд.

Аз ҷумла, овозхони шинохта Душанбе Паллаев ҷиҳати табобат гирифтан дар инҷо гирифтори мушкили манзил шудааст. Ба гуфтаи Хуррам Халилов, сокини ноҳияи Шуғнон, корафтодагонро ба ҷуз аз мушкили манзил дигар масоъил гирифтор кардааст. Ӯ мегӯяд, бархе аз табобатгирандагонро, ки дар деҳоти наздик ба осоишгоҳ манзил иҷора гирифтаанд, барои ба инҷо омадан лозим аст, то ҳар рӯз 2-4 километрро пиёда тай намоянд ва махсусан занон аз ин эҳсоси норизоят мекунанд.

Давлатмо Куйбекова, яке аз чунин истироҳаткунандагон гуфт, ки онҳо субҳгоҳон то чашма пои пиёда рафтан одат кардаанд: «Ҳол он ки пас аз оббозӣ дар оби гарм дар ҳавои салқин роҳи бозгаштро тай намудан барои саломатӣ зараровар аст. Вале мо дигар чорае надорем...».

Сардори осоишгоҳ дар бораи хусусиятҳои шифобахшии оби ин чашма мегӯяд, ки он, аз ҷумла, ба бемориҳои банди устухон, ҷигар, талхадон, гурда ва бемориҳои занона даво бахшида, боъиси ҷалби афзояндаи таваҷҷуҳи мардум ба ин чашма шудааст. Ҳатто, меафзояд ӯ, ашхоси гирифтори безурётӣ низ бино бар эътиқоди зиёд ин чашмаро мушкилкушо меноманд ва ин бесабаб нест: танҳо дар давраи мудирияташ вай шоҳиди соҳиби фарзанд шудани 10-12 нафари эшон шудааст.

Оби гарми ин чашма аз ду нове мерезад, ки ба остини дасти занона шабоҳат доранд. Сокини ноҳияи Мурғоб Гулбаҳор Назарбекова гуфт, ки вай бемории фишорбаландии шараёнӣ ва гурда, сустшавии дасту по дошта, аз обҳои гарм ва шифоии Модиён, Гармчашма, Авҷ, Ширгин ва Ҷелондеҳ истифода кардааст, аммо танҳо ҳоло, пас аз табобат дар ин чашма, худро хеле беҳтар эҳсос мекунад.

Феълан дар осоишгоҳ бунёди меҳмонсаро барои 20 ҷой ва сохтмони як хонаи анъанавии помирӣ оғоз шудааст ва, ба бовари маъмурияти осоишгоҳ, анҷоми ин корҳо мушкили манзили табобатгирандагони гармчашмаро хеле осон хоҳад кард.

Бар ҳамин ҳол, мутахассисон бар ин назаранд, ки дар кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 70 чашмаҳои гарм ва шифоӣ мавҷуданд, ҳарчанд то ба ҳол дар бештари ин чашмаҳо шароити табобатӣ ва фароғатӣ фароҳам нашудааст.
XS
SM
MD
LG