Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни Толибро куштаанд


Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки баъди ҳамлаи ҷангҷӯёни Толиб ба маъмурони амниятӣ дар ҷануби кишвар 40 тан аз ин ҷангҷӯёнро нобуд карданд. Ба гуфтаи мақомот, ҷангҷӯёни Толиб ба пойгоҳи нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд ҳуҷум кардаанд ва ҷанг бо онҳо нимашаб шурӯъ шуда ва се соат идома ёфтааст. Нерӯҳои НАТО низ ба нерӯҳои давлатӣ кӯмак кардаанд. Доир ба теъдоди талафоти ҷангҷӯёни Толиб аз манобеъи дигар иттилоъе нарасидааст ва мақомоти Афғонистон ҳам мегӯянд, ки ягон сарбози худро талаф надодаанд.
XS
SM
MD
LG