Пайвандҳои дастрасӣ

IMF хостори ҳамкории наздики иқтисодӣ шуд


Сандуқи Байналмилалии Пул ва 20 кишвари сарватманду пешрафтаи ҷаҳон хостори ҳамоҳангсозии иқдомот ҷиҳати пешгирӣ аз амиқрафти бӯҳрони ҷаҳонии молӣ шуданд. Пас аз мулоқот дар шаҳри Вашингтон дар рӯзи шанбе намояндагони кишварҳои гурӯҳи G-20 зимни як баёнияи расмӣ гуфтанд, ки тамоми имконоти иқтисодиву молиро истифода хоҳанд кард, то субот дар бозорҳои молиро тазмин диҳанд. Ба гурӯҳи G-20 аз ҷумла Русия, Бразилия, Чин, Ҳинд ва ҳафт кишвари пешрафтаи ҷаҳон шомил мешаванд, ки 85 дар сади иқтисоди ҷаҳонӣ ба онҳо тааллуқ дорад. Дар нишасти гурӯҳи G-20 раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ширкат дошт. Вай рӯзи шанбе гуфт, бовар дорад, ки кишварҳои пурқудрати ҷаҳон бо ҳамкорӣ метавонанд, тӯфони молиро рафъ кунанд.
XS
SM
MD
LG