Пайвандҳои дастрасӣ

Куриёи Шимолӣ мегӯяд, қавлашро иҷро мекунад


Куриёи Шимолӣ гуфтааст, ки воқеан таъсисоти атомиашро ғайриқобили истифода хоҳад кард ва ба нозирони байналмилалӣ иҷоза хоҳад дод, то ҷараёни ин корҳоро бозрасӣ кунанд. Вазорати умури хориҷаи Куриёи Шимолӣ имрӯз бо нашри як баёния гуфт, баъди он чунин тасмим гирифт, ки Амрико рӯзи шанбе эълом кард, режими коммунистии Куриёи Шимолиро аз феҳрасти кишварҳои ҳомии тероризм хат хоҳад зад. Пеш аз ин Куриёи Шимолӣ бар хилофи созишномаи пешини байналмилалӣ корҳои ғайриқобили истифода кардани реактори атомии Йонбиёнро мутаввақиф кард, зеро ба гуфтаи мақомоти Пхенян, Амрико дар амри берун кардани Куриёи Шимолӣ аз феҳрасти ҳомиёни терроризм, таъхир кардааст. Давлати Ҷопон аз тасмими Амрико барои берун кардани Куриёи Шимолӣ аз феҳрасти кишварҳои ҳомии терроризм ибрози таассуф, вале Куриёи Ҷанубӣ аз он истиқбол кардааст.
XS
SM
MD
LG