Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куриёи Шимолӣ ба иҷрои талабҳои ИМА розӣ шуд


Таҷлили Куриёи шимолӣ аз 60-умин солгарди таъсисаш

Таҷлили Куриёи шимолӣ аз 60-умин солгарди таъсисаш

Ҳукумати Куриёи Шимолӣ ба тамоми талаботи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати таҳқиқи барномаҳои ҳастаиаш мувофиқат кардааст.

Дар ин бора мақомоти расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иттилоъ доданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чунин амр ба Вашингтон иҷоза медиҳад, то Куриёи Шимолиро аз феҳрасти кишварҳои ҳомии терроризм хориҷ намояд. Шон Маккормак, сухангӯи вазорати умури хориҷаи ИМА изҳор кард, ки бар асоси созиши нави байни ин ду кишвар, Куриёи Шимолӣ ба нозирони Созмони Милали Муттаҳид иҷоза медиҳад, то ба тамоми таъсисоти атомӣ ва дигар таъсисоти мавриди назар дастрасӣ дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ИМА Кристофер Ҳилл барои гуфтӯгу сари ин тарҳ ҳафтаи гузашта ба Пхенян, пойтахти Куриёи Шимолӣ, сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG