Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куриёи Шимолӣ ба талабҳои ИМА розӣ шуд


Мақомоти расмии Иёлоти Муттаҳида гуфтанд, Куриёи Шимолӣ ба тамоми талаботи Амрико ҷиҳати таҳқиқи барномаҳои ҳастаиаш мувофиқат кардааст. Ин амр ба Вашингтон иҷоза медиҳад, Куриёи Шимолиро аз феҳрасти кишварҳои ҳомии терроризм хориҷ намояд. Шон Маккормак - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида гуфт, бар асоси созиши нави байни ду кишвар, Куриёи Шимолӣ ба нозирони Созмони Милал иҷоза медиҳад, ба тамоми таъсисоти атомӣ ва дигар таъсисоти мавриди назар дастрасӣ дошта бошанд. Намояндаи Амрико Кристофер Ҳилл барои гуфтӯгу сари ин тарҳ ҳафтаи гузашта ба Пхенян пойтахти Куриёи Шимолӣ сафар карда буд.
XS
SM
MD
LG