Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти вазирони молияи G-8 оғоз шуд


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ва вазирони ҳафт кишвари санъатии пешрафтаи ҷаҳон имрӯз дар шаҳри Вашингтон гуфтугӯҳо барои раҳоӣ аз бӯҳрони молии ҷаҳониро оғоз карданд. Пеш аз ин мулоқот вазирони молияи кишварҳои узви гурӯҳи G-7, ки, Фаронса, Амрико, Канада, Ҷопон, Олмон, Итолиё ва Бритониёнро ба ҳам меорад, қавл доданд, ки бо андешидани «иқдомоти қотеъ ва истифодаи тамоми имконоти мавҷуд” муассисаҳои азими молиро ҳимоят ва гардиши қарзро эҳё мекунанд, то тӯфони молӣ ва вазъи иқтисодии ҷаҳонӣ бадтар нашавад. Ҷорҷ Буш, ки дар паҳлӯи вазирони молия меистод, ба хабарнигорон гуфт, тамоми кишварҳои ҳозир дар нишаст, талошҳои қотеъашон барои бозгардонидани иқтисодҳояшон ба роҳи субот ва рушди дарозмуддати иқтисодӣ идома хоҳанд дод: "

Мо медонем, ки талотум дар бозорҳои молӣ ба тамоми шаҳрвандони мо осеб мерасонад. Дуруст аст, ки шаҳрвандони мо аз ин бӯҳрон дар ташвишанд. Мо инро дарк мекунем ва дар расидагӣ ба бӯҳрони молӣ, мо воқеъан ба мардум кӯмак мекунем, то ояндаи беҳтаре дошта бошанд. Ва ҳамаи мо дар мекунем, ки ин бӯҳрони ҷиддии ҷаҳонист ва аз ин рӯ ба хотири хубии мардуми ҳамаи мо вокуниши ҷиддии ҷаҳонӣ мехоҳад."

Нишасти вазирони кишварҳои узви Гурӯҳи Ҷи 7 дар остонаи ҳамоиши солонаи Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки Ҷаҳонӣ баргузор шуд, ки аз 11 то 13 октябр дар Вашингтон идома мекунад.


XS
SM
MD
LG