Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳинду Амрико созишномаи атомӣ имзо карданд


Normal 0 Амрико ва Ҳиндустон созишномае имзо карданд, ки ба муассисаҳои амрикоӣ иҷоза медиҳад, ба Ҳиндустон сӯхт, таҷҳизот ва реакторҳои атомӣ бифурӯшанд. Зери созишномаи мазкур рӯзи ҷумъа вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ва ҳамтои ҳиндии у Пранаб Мухарҷӣ имзо гузоштанд. Ин созишнома, ки солҳо дар бораи он музокирот мекарданд, таҳрими сисолаи Амрико дар мавриди тиҷорати атомӣ бо Ҳиндро хотима медиҳад. Амрико дар соли 1974 баъди нахусти озмоиши атомӣ дар Ҳиндустон фурӯши фанновариҳои атомӣ ба ин кишварро мамнӯъ кард. Созишномаи мазкур барои ширкатҳои амрикоӣ миллиардҳо доллар фоида меорад, ва бар асоси он ҳамчунин Ҳиндустон ба нозирони Созмони Милал иҷоза медиҳад, ба истиснои таъсисоти низомии атомӣ, дигар таъсисоти ҳастаии Ҳиндро бозрасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG