Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирони молияи кишварҳои пурқудрати ҷаҳон қавл доданд, ки тамоми кори имконпазирро мекунанд, то буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ поён ёбад.

Вазирони молияи кишварҳои узви гурӯҳи G-7, ки ҳафт кишвари санъатии пешрафтаи ҷаҳон (Фаронса, Амрико, Конодо, Жопун, Олмон, Итолиё ва Бритониё)-ро ба ҳам меорад, бо нашри баёяние қавл доданд, ки бо андешидани «иқдомоти қотеъ ва истифодаи тамоми имконоти мавҷуд» муассисаҳои азими молиро ҳимоят ва гардиши қарзро эҳё мекунанд, то ба рушди иқтисодии ҷаҳонӣ мусоъидат намоянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қабл аз ин субҳи 10-уми октябр қимати сиҳом дар бозорҳои молии Амрико, Аврупо, Осиё ва дигар манотиқи ҷаҳон ҳамчунон поён рафтанд.

Қимати нафти хом низ дар бозорҳои ҷаҳонӣ то андозае поён омад, ки дар муддати беш аз як соли ахир мушоҳида нашудааст.

XS
SM
MD
LG