Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги қабиланишинҳо бо ҷангҷӯёни Толиб


Бино ба гузоришҳо, дар манотиқи шимолуғарбӣ ва қабиланишини Покистон мардуми маҳаллӣ бо ҷангҷӯёни Толиб бархӯрд ва хонаҳои онҳоро вайрон кардаанд. Аъзои қабилаҳоро ҳамлаи маргталабонаи як ҷангҷӯи Толиб ба хашм овардааст, ки рӯзи гузашта худу 30 узви қабилаҳоро кушт. Фарди маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба маҳалли нишасти садҳо нафар ҳамқабилаҳо равон кард, ки дар он нишаст, барномаи ҳукуматии таъсиси гурӯҳҳои мусаллаҳи қабоил баррасӣ мешуд, то ин гурӯҳҳо ҷангҷӯёнро аз манотиқи қабиланишин пеш кунанд.
XS
SM
MD
LG