Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи G-7 барои рафъи бӯҳрони иқтисодӣ


Normal 0 Normal 0 Вазирони молияи иқтисодҳои пурқудрати ҷаҳон ваъда доданд, ки барои рафъи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ тамоми кори мумкинро хоҳанд кард. Вазирони молияи кишварҳои узви гурӯҳи G-7, ки ҳафт кишвари санъатии пешрафтаи ҷаҳон, Фаронса, Амрико, Канада, Ҷопон, Олмон, Итолиё ва Бритониёнро ба ҳам меорад, бо нашри баёяние қавл доданд, ки бо андешидани «иқдомоти қотеъ ва истифодаи тамоми имконоти мавҷуд” муассисаҳои азими молиро ҳимоят ва гардиши қарзро эҳё мекунанд, то ба рушди иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат намоянд. Пештар аз ин субҳи рӯзи ҷумъа қимати саҳҳом дар бозорҳои молии Амрико, Аврупо ва Осиё ва дигар манотиқи кишвар ҳамчунон поён рафтанд. Қимати нафти хом низ дар бозорҳои ҷаҳонӣ то андозае поён омад, ки дар муддати беш аз як соли ахимр мушоҳида нашудааст.
XS
SM
MD
LG