Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозорҳои саҳом ҳамчунон дар ҳоли поинравист


Рузи ҷумъа нарх дар бозорҳои саҳоми Аврупову Осиё аз бими амиқрафти буҳрони молии ҷаҳон бештар поин омад. Масалан, дар бозори Лондон чунин поинравӣ 10 дарсад ва дар бозори Ҷопон бештар аз 9 дарсадро ташкил дод, ки он бузургтарин зарар дар 20 соли ахир дар ин бозор мебошад. Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико зимни паёми худ ба мардуми кишвараш итмонон дод, ки аз буҳрони молӣ нигарон набошанд, зеро Амрико ин буҳронро метавонад рафъ созад. Вай гуфт:

"Ин вақти нигаронкунанда аст, вале мардуми Амрико метавонанд ба ояндаи иқтисоди мо мутмаъин бошанд. Мо медонем, ки мушкилиҳо чӣ аст. Мо василаи ислоҳи онро дорем ва ҳоло барои рафъи ҳар чӣ зудтари он кор мекунем".

Бозорҳои саҳоми Руссия ҳамчунон баста боқӣ монданд. Рузи панҷшанбе нархи саҳом дар бозорҳои Амрико дар панҷ соли ахир ба поинтарин нуқтаи худ расид. Вазирони молӣ ва раҳбарони бонкҳои марказии Гуруҳи кишварҳои Ҳафт ё ҳафт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон барои ҷилавгирӣ аз буҳрони пешомада нишасти изтирорӣ баргузор мекунанд.

XS
SM
MD
LG