Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО бо қочоқгарони афғон мубориза мекунад


Вазирони дифоъи кишварҳои узви паймони НАТО дар мулоқоти ғайрирасмии худ дар Будопести Маҷористон ба тавофуқ расидаанд, ки бар зидди тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон мубориза мекунанд. Онҳо бино ба дархости ҳукумати Афғонистон ва бар асоси қатъномаи Шурои Амнияти СММ чунин тасмим гирифтаанд. Дар мулоқот гуфтаанд, чунин кор барои коҳиши хушунат дар Афғонистон замина фароҳам меорад. Вале баъзе вазирон ба ин тасмим мухолифат нишон додаанд ва гуфтаанд, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба салоҳиятҳои нируҳои НАТО дохил намешавад.
XS
SM
MD
LG